Ман точик нестам… 


    Дар рох тасодуфан  бо Ирина Александрова вохурдам. Дар мавзухои мухталиф сухбаткунон ба самти вокзал равон шудем.
Оё дар Точикистон  миллате бо номи памирес зиндаги мекунад?
- Точикони Точикистон  аз чор гурухи бузург иборатанд. Имруз  телевизион, радио, матбуот  аз точикон душман метарошанд, баъзехо мекушанд  худро ин чо точик нею чун памирес, кулябес, согдиес, гармес -  ба атрофиён муаррифи кунанд. Барои чи пурсидед?
- 10 май аз бозор бармегаштам. Дар охири  машрутка ду марди калонсолу писарчаи  мактабхон менишастанд, дигар хама занхо буданд. Ба ногох яке аз мардхо ки маст буд ба сари марди дигар доду фарёд бардошт - шумоёнро бояд нобуд кард, ман дар чанги Точикистон  ширкат варзидам, чуркахои зиёдеро куштаам, агар лозим шавад дар ин чо хам мекушам… Ва писарчаро аз кифташ гирифта сахт такон дода  фарёдзанон дашномхои кабех намуд, у аз тарса  меларзид, он мард бошад ба чойи он ки писарчаро дифо кунад, хомуш менишаст.
Косаи сабрам лабрез гашту писарчаро наздам гирифта ба бадмаст гуфтам ки дахони буйгинатро пуш, вагарна ба милится телефон мекунам, ба ронанда гуфтам, ки барои чи дар машрутка ба писарча тахдид мекунанд ту бошад чун муши мурда хомуши, ронанда ногузир «кахрамони» чанги Точикистонро дар чояш шинонда монд. Ба бадмаст гуфтам ки дина  рузи Галабаро чашн гирифтем, чуркахои ту мегуфтаги дар сафи мо истода Русияро дифо намуданду  бисёрашон курбон шуданд, солхои мудхиши чанг  Осиёи Миёна мардуми моро начот дод, авлоди мо барои он зинда монд ки  мардуми Фаргона онхоро дар манзили хеш чой дода як пора нонашоро бо фирориёни чанг  диданд… Имруз точику узбеку киргиз бахри дарёфти пораи ноне ба сарзамини мо меоянд, кори сиёху сангинро  мекунанду дар таххонаю вайронахо зиндаги доранд. Мо бошад онхоро одам намехисобему чашми дидан надорем. Ворисони онхоеро ки дар рузхои вазнин ба мо дасти кумак дароз намуданд, нашармида чуркаашон  мехонем, хамаи гунохои буду набуди дунёро ба саршон бор мекунем …
     Бо писарча дар як истгох фаромадем. Аз тарс  холо ба худ наомада буд. Ба хона овардам, чой нушид, каме ором шуд. Писари хамсояро хохиш кардам то мактаб гуселаш намояд. Фардо бо падараш омад, падараш изхори хушнуди кард ки писарашро дифо намудаам, гуфт ки  у бемору заиф аст. Сахт тарсидааст, шаб то сахар дар хобаш доду фарёд карда баромад. Дар бораи он бадмаст гуфт ки дар чангхои Точикистон ширкат варзидааст, вакте ки кайфаш баланд шуд, назди хавли мо омада ба тахдид медарояд. Оиди он марди дар машрутка нишаста пурсон шудам, гуфт ки точику аз Точикистон аст, вале худро точик намехисобаду хешро аз точикон канор мегирад. Он бадмаст боре ба зану фарзанду  у тахдид намуд, пас аз чанде чекистон омада бадмастро бардошта бурданд, дигар ба оилаи у наздик намешавад. У худ низ чекист аст. Боре тасодуфан он чекистро дар магазин вохурдам, худро дошта натавониста гуфтам. 
- Агар бадмасте нисбати фарзанди ту чунин амалро раво медид, чи мекарди?
- Он маст нисбати точикон даво дошт, ба ман чи дахл дорад?
- О, туям точику зода Точикистони!
- Ман точик нестем, ман памирес…  
- Имруз ки холи точик хароб аст, ту аз миллатат руй мегардони?!
- Мо хамеша бо русхо будем. Чашмони мо кабуду майхоямон зард…
- Украинхоро низ чашмонашон кабуду муйаяшон зарду забонашон наздику православи хастанд, русхо онхоро худи намехисобанду акнун шумоён осиёихо бо чашмони кабуду муйи зардатон барои  русхо худи шуда метавонетон ми? Садкаи нону намаки Точикистон шав…
 Ирина Александрова ба электричка нишасту ман интизори электричкаи худ  дар перрон мондам. Хайрон будам ки барои чи миллати мо руз ба руз заифу парокандау масхараи бегонагон  мегардад, зеро бисёре аз фарзандонаш  дар лахзахои вазнин аз миллаташон, мазхабашон, забонашон даст кашиданд. Ин монанди онест ки ту аз аз падару модари пиру фартуту нотавону беморат руй метобию ба атофиён мегуйи ки - ман фарзанди онон наяам, онхоро шинохтан намехохам, хеч умимияте бо онхо надорам…

                                      Хабиб Саид, май, 2017 с. Урали Чануби 








Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر




БУХАРА




Бобочон Гафуров




ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР




Душанбе




Душмани №1 точик - вируси М




Двоеженец с Кукуя




Любовь на просторах « Долина Любви»




Исфара




Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...




Махмудчон Вохидов




ИНSАЙТ




НАСРИ НАВИН




Новеллахо




О таджиках и про таджиков




Проза




Садриддин Айни




Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода




Таджикистан  в картинках




Таджикская музыка




Таджикская музыка - ретро




Таджики Китая




Танз




ФАРЗОНА




Хоча Ахрори Вали




Хабиб Саид




Хабиб Саид - SoundCloud




ШАШМАКОМ




Итальянец, тетя и Золушка
https://www.ljubljuknigi.ru/store/ru/book/%D0%98%D1%82%D0%B0%D0%BB%D1%8C%D1%8F%D0%BD%D0%B5%D1%86,-%D1%82%D0%B5%D1%82%D1%8F-%D0%B8-%D0%97%D0%BE%D0%BB%D1%83%D1%88%D0%BA%D0%B0/isbn/978-3-659-99878-2


Комментариев нет:

Отправить комментарий