Душмани №1 точик - вируси - М


Точикон дар симои туркхо, славянхо, сионистон, пантуркистон, салибдорон… душманони хешро мечуйянд, холо он ки душман дар руху калби  хар як точик чун вирус манзил гирифтаасту афкору рафторашро пайваста зери назорат дорад, соаташ даррасад вирус ба амалхои густурдае даст хохад зад. Вирусе, ки миллату механаи точикро рухану чисман хароб месозад – М (махалгарои) ном дорад. Вируси М  ноаён миллату кишварро ба самти харобию порашавию муфлисию таназул мебарад. Бегонагон бахри пиёдасозии хадафхои хеш  вируси мазкурро нихоят чирадастона истифода бурда, тавассути гумоштахои хеш мекушанд, ки он дахчанд афзоиш биёбад. «Дустони» мо вируси М ро  бахри хадафхои муайян равона намуда чанги тахмилиро тахрези намуданд. Барои он ки точик зери фишори азоби вичдон намонад, ки у бародарашро мекушад, бахри чашмро бастану вичдонро гул задан вожахои "вовчику" "юрчикро" ба кор андохтанд, яъне - ту бародаратро намекуши, балки "вовчикхоро" мекуши, онхо низ душманои ашаддии моянд ва бо мушовирону сарбозону чархболу танку тупхояшон ба кумаки «бародаронашон» бишитофтанд.
 Бегонагон танхо нафрату кудурати дар натичаи пахншави вируси М ба вучуд омадаро гирд оварда ба самти дилхохашон равона намуда хадафхои хешро пиёда месозанд, агар неруи мазкур вучуд намедошт, белашон дар сарзамини точик хок намегирифт. Нафрату мухаббат нерухои ноаёни чомеъаро ба харакат оваранда ба хисоб мераванд, нафрат ба самти харобию мухаббат ба фазои шукуфон мебарад. Мушовирону афсароне, ки дар чанги тахмили аз самти "хокимияти конистутсиони" ширкат варзиданд, дар хотирахояшон навиштаанд, ки  шигифтзада буданд, ки точикон пайваста бародарони хешро бо гунохи он ки - у танхо намоядаи махали дигарест, гурух – гурух бурда берахмона ба катл мерасонданд (бино ба маълумоти СММ дар худуди Точкистон кабрхои умуми нихоят зёданд, дар баъзе аз онхо то 2ооо хазор нафар хангоми «чисткахои» Фронти халки ба катл расида, зери хоканд) ба лагерхои филтирасони ва ё махбасхонахои давлатию шахси мепартофтанд, ё бо бегонагон пайваста ба амалхои зишт нисбати занону духтарони точик даст мезаданд.

       Нафрат ба бародарони хеш ончуон зиёд аст, ки имруз низ зи хеч кори зиште алайхи хамдигар даст намекашанд. Сокинони як шахрчаи Русияро  берахмии навраси 16 солаи точик, ки  хамсини худро барои он ки у намояндаи махали дигар аст, бо бел зада куштааст, мутахайир сохт. Набардхои байни махалхои Точикистон, ки имрузхо дар Русия идома доранду дар он дахо нафар кушта мешаванд, намояндахои дигар миллату гуруххоро - берахмии хаммиллатони мо ба дахшат меоварад, - ин туда (точик), ки худро миллати кухану ливобардори дини ислом дар Осиёи Маркази мехонад, дар гариби ба чойи хамдигарро химоят намудан, баръакс нобуд месозанд, гуё ки  набардхо байни миллатхои бо хам душман мерафта бошад. Нафрати насли пешин кишта насли чадидро чун аждар ба коми хеш дармекашад. Вазорати маориф тасдик кард, набардхое, ки дар мактабхои Душанбе бо силоххои сард чанд сол боз идома меёбад, решахои махали доранд. Он наврасоне, ки аз холо бо вируси М захролуд  гаштанд фардо барои миллати точик мушкилоти зиёдеро пеш меоранд. «Дустони» мо оянда бо дасти онон хадафхои хешро пиёда сохта кишварро ба самти порашави тела медиханд. Дар гариби хору зору ба бехукуктарин миллату ба хандахариши атрофиён табдил ёфта, касе намеандешад, шояд Офаридгор барои махалгароию бародаркушиамон ин рузхои сангинро бар миллати мо раво дид. Кор ба дарачае расидааст, аксарият аз точик буданашон шарм медоранд, худро дар гараби бо номи махали хеш муариффи мекунанд ва ё худро кафкози, афгон ва ё эрони метарошанд. Аз падару модар миллату механи хеш даст кашидану  нисбатии онон нафрат парваридан вазинтарин гунох аст. Фарде, ки точик будани хешро инкор мекарду аз точикон хазар мекард, аз дунё мегузарад ва мурдааш бесохиб мемонад, дустони хамкадаху хамнишинаш пайдо намешаванд, то  мурдаашро сохиби кунанд. Точикони кучарубро  номуси миллиашон боло мегираду часади точикбезорро бурда дафн мекунанд.

     Коршиносон мегуянд, ки дар чомеаи точик вируси М хамеша вучуд дошт, вале пас аз «чаласаи таърихи» касри Арбоб (ноябри  соли 1992) ин вирус дахчанд афзуда шакли эпидемияро ба худ гирифт. Махалгарои асбобест, бахри  сиёсатмадорон, ки тавассути он метавонанд дахсолахо дар сар кудрат бимонад, бинобарин мекушанд вируси М афзоиш ёбад,  ин ба фоидаи онхост, зеро махалгарои дифогари мансабу дороиашон мебошад. Барои "дустони" мо низ махалгарои фашанги оличанобест, ки тавассути  он ба осони метавонад гуруххои дилхохашонро ба сари кудрат оранд. Хангоме, ки вируси М дар чомеа хуруч дорад, фарде, ки дар шароити солими хокимиятдори ба у вазифаи ночизтаринро раво намебинанд ба осони метавонад ба курсии вазиру мушовири давлати нишинад, ва ё намояндаи Точикистон дар кишвари хоричи бошад, зеро меъёри асосии ба вазифа нишастан баромада махал аст на хунар. Хангоми пешниходи натичаи интихоботи президенти ноябри соли 1994, агар пирузии Абуллочонов (коршиносон мегуяд, ки дар он интихобот Абдуллочонов пирузи ёфта буд)  эълон мешуд, кишварро хунрезии чадиде интизор буд. Бо «чаласаи таърихиашон» точикон оламиёнро дар шигифт андохтанд. Рекетиреро, ки зиндони шудаасту  ягон маълумоти касби надоштаро вазири корхои дохили таъин карданд, холо он ки дар вазорат генералу афсарони хирфаи нихоят зиёд буданд, вале махали баромадашон ба рохбарони навин писанд наомад. Вакте ки сарнавишти  вазири дифо хал мешуд, ба ин  вазифа точикеро пешниход карданд, ки академияи низомиро хатм кардаасту  унвони Кахрамони Иттифоки Советиро дошт, вале махали баромадаш  писанд наомад, ва ба ин мансаб яхудии русро аз Тошканд оварда ба курси шинонданд. Танхо дар Точикистон мансаб на аз руйи  хунар, балки аз баромади махал таксим мешавад. Президент аз фалон махал, сарвазир аз фалон махал, раиси парламент аз фалон махал... Сохтори давлатии Точикистон саропо дар пояи махалгарои тахрези шудааст. Як кишвари хурде (масохаташ баробари Бошкирдистони Русия) боз ба чанд вилоят (накша хаст, ки боз се вилояти чадидро созмон диханд) таксим шуда заминаро бахри афзудани вируси М дахчанд меафзояд.

     Танхо дар Точикистон хизбхо, вазоратхонахо, корхонахои азим, донишкадахо, марказхои илми, клиникахо, рузномахо, радиохо, телевизонхо… вучуд доранд, ки ба ин ва ё он махал мансубанд ва хадафхои махали мазкурро дифо мекунад ва ё чун силох алайхи дигар махал ба кор бурда мешаванд. Махалгарои сари як аз хизбхои бонуфузи солхои 90 - хизби демократиро хурд. Махалгароён хизбро ба манфиати махалашон истифода бурда онро ба хизби  кисагии «хокимияти конститутсиони» табдил доданд ва хизб аз сатхи хизби  умумимилли то сатхи хизби махали поён фаромад. Коммунистони точик  чун демократхо низ хизбашонро ба хизби махали табдил доданд, пирашонро пеши пой зада яке аз фаъолони Фронти халки ки мардумро бахри чанг андохтан ба Душанбе оварда буд ва яке аз махалгароёни ашадди ба хисоб меравад, ба курсии сарвари хизб шинонданд. Хамагон то сентябри 2013 хизби нахзатро хизби умумимилли мехисобиданд. Мардуми хору зор интизор буданд ки нерухои ислохотхох дар интихоботи президентии 2013 номзади арзандаеро пешниход мекунанд, то кишвару миллат зи бухронхои мухталиф начот биёбад, вале нахзатихо манфиатхои махаливу шахсиашонро аз манфиатхои милли боло дониста  марду зан ба шахсе ки хамагон интизор буданд, номзад бигардад, часпиданд, то номзадиашро нагузорад ва фавран дар симои у намояндаи махали бегонаро диданд. Ин амали махалгароёнаи нахзатихо чашми бисёрихоро во бинмуд ки зери шиорхои Худопарастиву Башардустии нахзатихо хадафхои махали нихонанд ва онхо таёранд карлук, лакай, катаганро… бипазиранду вале точики дигар махалро не. Бохти нахзатихо аз он огоз гардид ки хамеша мекушиданд ки яке аз сарварони оппозисияи точик Хочи Акбар Турачонзодаро дар канор нигох бидоранд. Намояндагони «хокимияти конститутсиони» хангоми вохурихо бо Саид Абдуллои Нури мегуфтанд ки бе ин «ленинободи» (Хочи Акбар Турачонзода) хам мо кухистонихо забон хохем ёфт. Нахзатихо нахуст Хочи Акбар Турачонзодаро дар Техрон партофта худ ба Душанбе баргаштанд. Гуфтахои Турачонзодаро он замон нахзатихо ба инобат мегирифтанд, имруз хизбашонро торумору рохбариятро ба паси панчара намепартофтанд, ва онхое ки дар сулх сахм доштанд – Саид Абдуллои Нури, Отахон Латифи, Хабиб Сангинов, Чумъабой Ниёзов, Мухаммадшариф Химматзода ва дигар нахзатихою демоктрату оппозитсионеронро чекистхо бо услубхои мухталиф нобуд намекарданд. Он вакт Душанбе дар мухосираи нерухои оппозитсион афтода бартарии оппозитсия бо неруи низомиву  ташкилию фикри нихоят баланд буд, вале маризи махалгароию нобовари ба хамдигар ба он оварда расонд ки хадафхои махалиро аз хадафхои милли боло дониста оппозитсияро ба «хокимияти конститутсиони» таслим карданд. Хамаи хизбхои Точикистон дар заминаи махал созмон дода шудааст. Намунаи арши махалгарои хизби демократ ба хисоб меравад, зеро асосгузори хизб ки худ ба маризи махалгарои гирифтор буд, сохтори хизбро низ дар чорчубаи махалгарои тахрези бинмуд. Лахзае ки Фронти халки бо катли оми мардум ба сари кудрат омад, чанд нафар аз шахсиятхое ки дар рохбарияи хизби демократ буданд, хадафхои махалиро дар мадди аввал гузошта бо шогирдони Сафараливу Файзали, Бобои Сангаку Бобои Хайдар пайвастанд. Чумъабой Ниёзов пас аз зиндон берун шудан, як кисми парокандаи хизби демократхоро сарвари бинмуда онро вориди гуфтугуйи сулх бинмуд. Пас аз имзои созишномаи сулх демократхо бо сарвари Мухаммадрузи Искандаров дар симои Чумъабой Ниёзов «ленинободи»ро дида уро аз сарварии хизб барканор сохта Мухаммадрузи Искандаровро сарвар интихоб намуданд. Хизби аграриро яке аз махалгароёни ашаддии кишвар ки бар зидди шимолиён китоби захрогине навишт, созмон дод. Ин фарди ба маризи махалгарои гирифторро дар аёмаш шимолие ба хондан равон бинмуда бо кумаки он шахс ба мансабхои баланди хизбиву давлати кишвар нишаст(бо маризи махалгарои боз орзуи президент шудандро дар дил мепарварид). Боварии комил дошт хамкабилагони хокимиятро гасб намудааш ба у мансаберо раво мебинданд, вале чизе насибаш нашуд.  Дар Точикистон дар гумон аст ки ба наздики хизби миллие арзи хасти бинмояд, зеро аз 7 сола то 70 сола дар кишвар ба маризи махалгарои гирифторанд, хатто онхое ки  ки хешро донандаи илми илохи мехисобанд, низ маризанд… Сабаби асосии ривочи махалгарои дар кишвар он аст ки  дар Точикистон махалгароён ба сари кудрат омаданд, дар Руссия, Узбекистон бошад миллатгароён давлатро ба дасти худ гирифтанд. Чомеаи точик ки  бо вируси М оганда аст, ногузир махалгароёнро ба сари кудрат овард. Мардум низ хизбхои кишваро хизби милли намехисобад, бахри шахси аз сиёсат дур хам хизби халки демократи хизби кулобихою лакайхо, хизби сотсиал демократхо хизби шимолиёну бадахшониён, хизби нахзат хизби гармихо, хизби сотсиалисти хизби айнигихо, хизби иктисоди хизби хисорихо хохад монд… Хамаи сарварони хизбхои Точикистон дар дехот ба воя расидаанд ва онхо чахонбини ва гуфтори дехаи хешро мехоханд ба сари кишвар бор кунанд ва онон аз фазои дехаи хеш берун наомада, то сатхи милли расида наметавонанду барои аз кулобию гарми бадахшониву сугди сохтани миллат очизу нотавонанд.  Бухоро, Самарканд, Хучанд се шахри бузурги точикон ва дигар шахрхои точикнишини Осиёни Миёна кишварро хамеша бо кадрхои арзанда таъмин мекарданд. Вакте ки Точикистон соли 1929 аз асорати Узбекистон озод шуд, махз кадрхо аз шахрхои кухани точик кишварро ба кишвари шукуфон табдил доданд, кисми зиёди онхо аз ашрофзодагону аз авлохои кухани точик буданд. Яке аз онхо - Бобочон Гафуров аз авлоди Шайх Камол( Камоли Хучанди) мебошад. Барои он ки рохбари арзандае бигардед хафт пуштатон бояд тоза бошад, агар гадоро ба курсии шохи бишинонед, боз аз у буйи гадо хохад омаду аз хуйи гадоёнааш даст нахохад кашид ва мекушад ки мардум дар хизмати у биистанду на у дар хизмати мардум.  Мардум ба яке аз сиёсатмадорони намоёни солхои 90  бо чашми умед менигарист ки у фарзанди асили миллату кишвари мосту ояндаи кишваро бо у вобаста медонистанд, вале у аз худуди махали хеш берун шуда натавонист, дар идорахои Маскав аз мансабдорони рус хохиш мекард ки ба хамшахриёнаш шахравнди Руссияро бидиханд, зеро онхо бо русхо гушту нохунанд. Кишваро фарзандоне чун Тохир Абдучаббору Аслиддин Сохибназаров зарур аст, то дар сатхи милли андеша биронанду амал бимоянд, вале фазои махалгароёнаи кишвар ба ин имкон намедихад. Кунун точикон махалгароиашонро то Аврупо кашонданд. Махалгарои дар Радиои Озоди вучуд дошта расонави гашт, чи тавр мудирият намояндагони махали номакбулашонро аз кор меронанду худихоро бо супориши вазорати корхои хоричии Точикистон дар радиои америкоихо чой мекунанд, то хадафхои махали худро  дифо кунанд ва мекушанд лахчаи худро ба  чойи забони адаби истифода баранд. Нерухои оппозитсиони точик ки дар Аврупо  созмнои ягона ташкил карданд, то зидди «хокимияти конститутсиони»  бо роххои конуни мубориза баранд, хангоме ки сарварони созмон дар чаласаи бонуфузи Аврупо ширкат доштанд, гурухе фавран чаласа ташкил дода хешро аз созмон чудо сохта ва радиои созмонро аз худ карданд. Онхое ки ин руйдодро пайгири мекунанд, мегуянд ки гурухи мазкур дар заминаи махалгарои аз созмон чудо шуд. Чанги хунин, садхо хазор курбони, ваъзи сангини миллату кишвар ба махалгароёни точик хеч гох сабак шуда наметавонад. Махалгароён гуё бахри нобуд сохтани ин миллату ин кишвар арзи хасти бинмуданд, то дар дохили миллату кишар ягонаги вучуд надошта бошад. Яке аз сабабхои сукути хокимияти Муросоии милли он буд ки гуруххои зиёде(чун Чамолиддин Мансуров ва дигар сарварони Фронти халки) гузаштагонашон садсолахо дар Хисору Душанбею нохияи Ленин зиндаги кардаанд, гайричашмдошт худро кулоби эълон намуда ба кумаки каллабурони Сангак Сафарову Файзали Саидов шитофтанд. Пас бахри гурухе замине  ки  таваллуд шудаасту ва хафт пушташ он чо зиндаги бинмудааст, хамеша макони бегонае меомнад ва таёранд бахри «махали бобогиашон» бо каллабурону бегонагон пайваста зодгохашонро бо хуну хок даромезанд. Махалгароёнро зи ин маризии бедаво танхо гур начот хохад дод.  

    Дар бисёр шахру нохияхо гурухе бо аждодашу хамдехагонашу хаммахалонаш мансабхои асосиро сохиб гашта, мардуми махалиро аз вазифахо  танг намуда ба горати молу амвол мепардозанд.  Ё барои гасби молу амвол ба точирони махалли гунохои вазнини сиёсиву экстремистиро (делои чиноии исфарагихо) бор мекунанд. Кор то чое расидааст, ки корхонахои саноатиро канда бо худ мебаранду Точикистон кишвари гасбшударо мемонад. Ин амалхо, дахчанд хисси махалгароию махалбадбиниро меафзояд, ягонагию якпорагии кишварро заиф сохта «дустони» точикро хушнуд месозад, ки дер ва ё зуд махалгароён ин кишварро ба жарфои нобуди меафкананд.

    Нафрати дар натичаи пахншавии вируси М ончунон зиёд аст, ки он ба кушта шудани 150 - 375 хазор одам оварда расонд, миллионхо хонабардушу ятиму беватан гаштанд, чанд намояндаи СММ иваз шуд, то точиконро ба сулх расонанд. Нафарони зиёде аз самти «хокимияти конститусони» зидди сулх буданд, мехостанд, ки оппозисия ба онхо таслим шавад. Хангоме, ки толибон Кобулро гирифтанду ба самти шимол харакат карданд, хочагони «хокимияти конститутсиони» аз Маскаву Тошканд ононро мачбур сохтанд, то ки ба сари мизи музокира бишинанд. Имруз барои он ки  нафратро ба самте равон созанд душман  мечуянд. Нахуст душманони дохили чуста ба махви онон даст заданд, кунун ба ба чустучуйи душмани беруна пардохтаанд. Агар дар чустучуйи душман бошед, он хатман пайдо мешавад. Кишвар хамеша дар фазои тарсу харос гардиш доранд: аз олами ислому фазои форси, хати форси, масчид, аз наврасони ба масчид раванда, мулло, диндорон, садои азон, амри маъруф, аз шогирдони мактабхои динии дар хорича тахсил карда, аз туйхои исломи, занони ба масчид раванда, хичоб, риш… метарсанд, аз Ирон   канор мечуянду бо викор ба Афгонистон менигаранд, бо хамсоягон забон ёфта наметавонанд, масчидхоро мебанданд, рухониёни маъруфро аз масчидхо дур месозанд.

      Пирамардон назди мансабдори воломакоме, ки дар дачааш  истирохат дошта мераванд, то у кумак бинмояд масчидашон боз гардад. Мансабдор сархуш зи шаробу дар ихотаи ракоссахояш нишаста хатто аз чой барнамехезад. Арзро то охир гуш накарда бо ситеза мегуяд, ки  ба касофати муллою масчид кишвар хароб шуд. Баъди итихобот хамеша мебандем ё ба мактабу богчаву спортзал табдил медихем, бигзор хама насрони шавад.  Бо давлат шухи накунетон, кани Абдулло Нурию исломихояшу демократхош - Химатзода, Латифи, Ниёзов, Сангинов, Абдучаббор, Сохибназарову дигарош… хамеша нест кардем, Мирзо Чагаро хам, саркашои дар Помир мондаро хам нобуд мекунем. Мо ин кадар хун рехтем ки дар ин чо вовчико  давр ронанд, агар як бори дигар сар бардоранд, то кудаки дар гавхора будашонро нест мекунем…

     Хокимиятдорон кушида истодаанд, ки барои боз хам заифтар  сохтани дин, ба имомхатибон чун корманди давлати маош бидиханд, то онон ба ситоиши сохибмансабону сиёсати «хирадмандонаи» онон пардозанду пайваста зери назорати чекистон бимонанд ва  бахри аз майдон дур сохтани ХНИТ ва рухониёни маъруф  сахм гузоранд. Масчидхо  вазифаи аслии хеш ибодатгохе, ки он чо танхо зикри Офаридгору паёбарашро мекунанд  тадричан аз даст дода ба минбари чекистону  хокимиятдорон табдил ёфтаанд.  Муллохои хукуматиро  масъалахои  - афзудани фишор болои дину диндорон, бастану валангор сохтани масчидхо, махдуд сохтани хукукхои мусулмонони кишвар, ба динхои гайр гаравидани мусулмонони точик, дар мохи шарифи рамазон тирборон кардани мардум, афзудани мухочирату вайроншавии оилахо, бе падар ба воя расидани тифлон, амали зишти  мансабдорону бригадирони бадмасти точики  Русия, ки чавонони бесохибу камбагалро мачбур месозанд зан бигиранду сипас арусашонро ба онхо пешкаш кунанд, чангхои мухочирони  точик  дар заминаи  махалгарои, ки бо хунрезию куштор меанчомад, пайваста зери шиканча будани зиндониён, зиёдшавии бонувони бешавхар, ба амалхои ношоиста даст задани чавонону ба фохишаги руй овардани бонувон, ба бозори бо фохишахо таъминкунандаи Афгонистону Покистону кишвархои араб табил ёфтани Точикистон, аз бенавои духтарони хешро ба чинохо додани мардум, афзудани  худкуши, тифлонро барои амалхои  ношоиста ба хорича бурдан, туйдоронро мачбур сохтани сохибмасабдон то хатман дар дастурхон  шароб бигзоранд, хочихои фолбину даллолу сарояндаву раккосу шаробнуш, 1, 5 – 2, 5 миллион мухочири бесохиби бахри пораи ноне сарсону саргадон, 1,5 хазор часаде, ки хар сол ба кишвар ворид мешавад, 7 - 40 хазор махбусони точик, ки дар махбасхонахои Русия нишастаанд ... хамаи ин заррае муллохои дарбориро, ки на дар хизмати Худованд, балки хокимони замон  истодаанд - ба андеша водор намесозад, гуё ки нобиноянду намебинанд ки чи тавр миллату кишвари мо ба самти вартаи нести равон аст… Онон пайваста зикр мекунанд, ки шукри хокимонро кунед, ки ба шарофати рохбарии хирадмандонаи онхо чунин «зиндагии бихиштона» насибамон гаштааст.  Рухониёни дарбориро танхо ду масъала пайваста гам медихад: барои чи мардум дасти рухониёни маъруфро  мебусаду дасти моро не, ва дар ислом набояд хизб бошад… Ба созмонхои насрони шароит фарохам меоваранд, то точиконро зи дини аждодиашон дур созанд, тахмин меравад, ки аз 8 то 150 хазор точик ба динхои дигар гаравиданд. Мансабдорон дар вохури бо гарбиён пайваста зикр мекунанд, ки дар фосила хазор сол хеч гох точикон дини хешро тарк намекарданд, махз ба шарофати "сиёсати хирадмандонаи" онон ин равиш дар интихои карни ХХ нихоят огоз гардид.  Кумитаи дин барои онки микдори  точикони ба хач раванда кохиш ёбад, ба Арабистони Саъуди омори дуругинро пешниход мекунад, ки дар он шумораи мусулмонони точикро каму  шумораи насронишудагонро зиёд нишон медихад.  Мехоханд, ки хатто  фазои диниро бо меъёрхои махал тархбанди созанд, сарвари рухониён набояд рухони босаводтарину бонуфузтарин бошад, балки хатман  хаммахалашон бошад, то фазои диниро зери назорат гиранд. Вакте ки мехмонони хоричи дар чашни Имоми Аъзам (2009 с.) ширкат варзиданд аз он мутахайир буданд, ки муфтии точикон саводи казои надорад. Дар Точикистони бе барку бе газ ва зиёда аз 1,5 - 2,5 миллион фарзандонаш дар гариби бахри пораи ноне сарсону саргардон, гуё барои мансабдоронро дигар коре нест, ки пайваста ба муллою масчид фишор меоваранд, бо милисахои Калашникуфдор назди дари масчидхо камин мегиранд, мабодо ягон наврас вориди масчид нагардад.  Хамаи неруи кишвар барои ба дин фишор овардану мехри онро зи  дили мардум дур кардан равон  шудааст. Дар таърихи ин сарзамин хеч гох  чунин конунхои зиддиисломи кабул нашуда буд. Хамон кадар ба дин фишор оранд, хамон кадар файзу баракат аз ин сарзамин мепарад.

     Хангоме, ки намояндагони як миллату як кишвар дар симои якдигар душманро мебинанд, дар нобарорихои шахсию махалии хеш гунохи сокини махали гайрро мечуянд, дар муасисахои давлати ба лахчаи дехаи хеш сухан меронаду менависанд, (танхо дар Точикистон шахс 10 - 15 сол тахсил карда ба забони адаби сухан ронда наметавонаду ва муаллимони хар як махал дарсхоро ба лахчаи  хеш пеш мебаранд) дар хамаи зинахои давлати кадрхо аз руйи махал интихоб карда мешавад, ба хама чиз бо дидаи махалгароёна назар меафкананд, кишвар ба пешраве ноил нахохад гашт. Кисми дигари чомеа дар механ худро бегонау нолозим мепиндорад, дар чунин ваъзият танхо бегонагон пешрави хоханд кард, онон кадрхои бехтарини точикро, ки ба касофати вируси М дар механи хеш чой ёфта натавонистанд бо худ мебаранд, то бахри шукуфои кишварашон сахм бигузоранд (Мутахассиси нодиреро ки дар Точикистон ягона будааст, махалгароён мачбур месозанд, ки чойро холи кунад, илтичояш, ки то нафакааш соле мондааст ба  «муридони» Сангаку Файзали бе асар мемонад. Дере нагузашта русхо уро бо худ бурда дар маркази шахре манзил медиханду озмоишгохи азимеро ба ихтёраш мегузоранд)  Хадафи фардони бо вируси М захролудгашта ба кишвару миллат хизмат накарданд, балки мансабу вазифаро дар дасти кавмву аждоди  хеш нигох доштан аст. Баъзе мансабхои давлати то пайдо шудани хаммахали хеш солхо холи меистанд. Чавонони точик, ки донишкадахои бонуфузи чахониро хатм кардаанд, дар ватан чой наёфта пас мегарданд, чун мутахасис онхо барои кишвар заруранд, вале баромади махалиашон корфармоёнро конеъ намесозад. Хатто бисёре аз туркон (бештар аз кабилаи лакайхо) ки баромади махалиашон ба талаботи корфармоён  созгор буд, дар идорахои давлати кор ёфта тавонистанд, вале точикони махалхои дигар не. Баъзехо барои он ки сохиби мансаб гарданд, барои худу фарзандонашон шиносномахои нав мегиранд, ки дар он чойи таваллуд тагир ёфтааст ва ё мекушанд, ки навзод дар минтакаи рохбарикунанда таваллуд шавад ва ё ба атрофиён собит месозанд, ки гузаштаашон рафта ба махали рохбарикунанда мерасад, то мансабчае насибашон шавад. Кремил дар руйи хати сиёхаш Гарму Мастчохро ворид карда буд, то рохро ба барои намояндагони ин минтакахо ба курсихои рохбари  махдуд созад (мардуми ин минтакахо ба артиши сурх (1920 – 40) мукобиляти нихоят сахт нишон додаанд ва  бахри онхо арзишхои дини хамеша дар мадди аввал меистод) Имруз худи точикон руийхатхои сиёх тартиб медиханд, ки  намояндагони кадом махалхоро рохашонро ба сиёсат махдуд намуд.

   Хамаи кабатхои  чомеаи точик  бо вируси М захролуд гаштаанд, танхо рухониён  нисбатан камтар олуда гардиданд. Чомеашиносону коришиносоне, ки бо равиши мухочират сару кор доранд, мутахайиранд, ки точикони нисбати хаммиллатони хеш дар гариби то ин дарача берахмона муносибат мекунанд: бародарони худро мефиребанд, мекушанд, ба гуломи мефурушанд, ё ба дасти чинояткорону милисахо, гурухои этники месупоранд. Дигар груххои этники мекушанд, ки дар гариби химоятгари хамдигар бошанд, вале точикон баръакс. Хатто созмонхои точикони берун аз кишвар дар пояи махал сохта шудааст на миллат, баъзе аз онхо танхо ба хамахалони худ дасти кумак дароз мекунанду ба дигар хаммиллатони хеш  бо чашми бегона менигаранд, агар бимирад хам ба гулуяш  чакрае об намечаконад, зеро у «бегона» аст, зодаи махали гайр.

    Нафрати махали дар Интернет бисёр возех ба чашм мерасад, зери хабару маколахо, дашному тахкирхои пастаринру кабехтаринро нисбати махали хамдигар менависанд. Дар Интернет бисёр вакт гуфтахои тахкиромезу душманонаи  сохибмансабон нисбати дигар махалхо пайдо мешавад, ки ин миллатро заиф сохта кишварро ба самти пошхури  мебарад. Дар радиою телевизион барномахое пахш мешавад, ки хадафашон тахкир ва ё хандахариш кардани ин ва ё он махал мебошад. Тудаи зиёди академику профессорон, олимони дар чабхахои Фронти халки обутобёфтаву бо вируси М захролуд гашта китобу асархо эчод мекунанд, ки магз андар магз бо кинаву нафат нисбати ин ва ё он махал равона карда шудааст. Онон дар матбуоти кишвар бахсхои доманадору пучи бо вируси М захролудгаштаро зидди хамкасбониу харифони хеш  огоз мекунад. Агар шахси зери хадаф карор гирифтаашон аз Самаркаду Бухоро ва ё дигар минтакахои точикнишини Осиёи Маркази бошад фавран ба у тамгаи «узбекро» мечаспонанд (хамаи бузургони точик аз Исмоили Сомони то  Садридидин Айни берун аз худуди имрузаи Точикистон таваллуд шудаанд, пас аз мантики гуфтори «олимон» мебарояд, ки онхо низ узбеканд. Зодагони Бухорову Самаркандро узбек хонда боз ба чор самт чор мезанем, ки Бухорою Самарканд шахрхои точиконанд) Хангоме ки мардуми точикро аз марказхои кадимааш Самарканду Бухоро махрум карданду дехаи Душанберо пойтахти чадиди точикон эълон карданд, махз кадрхо аз Самаркаду Бухорову Хучанду дигар шахрхои кухани точик дар обод кардани Точикистони чадид  камар бастанд.

      Вакте ки грухи масхарабозони армани зери сарвари Артур Чоникбекиёну  точиксиёхкунон: Ройзман, Рагозин, Жириновский, Багдасаров… номи точикро бо чирк меомезанд аз «олимон» садое намебарояд, зеро онхо танхо хадафхои махали хешро дифо мекунанд, хадафхои милли барояшон бегона аст. Баъзе аз мансабдорон "дусти точикон" Рагозинро зиёрати намуда шикоят карданд, мо мухочиронро бештар ба Русия мефиристем, то онхо аз ислом дур гарданд, вале онхо ба ватан диндоршуда бармегарданд... Дар Интернет навиштаи точикон, ки аз гушахои мухталифи точикнишини Осиёи Маркази барои тахсил ба Душанбе омада пас аз чанде онро тарк кардаанд, ёфтан мункин аст, ки чи тур бародарони хамиллаташон ононро турк гуфта пайваста зери азобу шиканча мегирифтанд.

      Аз 25 миллион точике, ки дар дунё хаст, танхо 5,5 – 6,0 миллионаш дар худуди имрузаи Точикистон, истикомат доранд. Хангоме ки нахустин кайхонаварди точик Солехчон Шарипов(точики истаравшани, ки дар Киргизистон ба воя расидааст) парчами Точикистонро бо худ ба кайхон бурд ва кушид ки онро ба Точикистон бисупорад, вале мансабдорони точик чун ба бегона  ба у нигариста кайхоннавардро напазируфтанд. Миллатхои кухан чун яхудву армани дар кадом гушаи дунё фарде дар баданаш заррае хуни яхудву армани дорад онро хаммиллати хеш мехонанд, то сафи миллат биафзояду фардо бар манфиати миллату кишвар захмат бинмояд. Дар Арманистон арманихои дар Сурияву Карабог таваллуд шуда президенти кишвар буданд. Дар мо точики берун аз Точикистон таваллуд шударо фавран турк ва ё афгон мехонанду вазифаи ночизтарини давлатиро ба онон  раво намебинанд. Вакте ки артиши Узбекистон, дастахои Сангаку Файзали, спеснази ГРУ полковник Квачков, гуруххои низомии генералхо - Ашуров, Николаев, Дустум (силохбадастони генерали узбек дар самти Фронти халки чангидаанд ва соли 1998 бо дастахои Махмуд Худойибердиев дар хучум ба вилояти Сугд низ ширкат варзидаанд) мардуми фирориро ба самти руди Панч танг карданду кисми зиёдашонро оби сарди руд бо худ бурд, махз афгонхои чангзада пушту панохи садхо хазор гурезаи точик гаштанд. Лахзае ки нерухои толибон точикони Афгонистонро ба самти шимол танг карданд ва онхо хостанд дар кишвари дуст  панох ёбанд, аммо Точикистонр дарро барояшон боз накард.

       Имруз  ба  гурезахои афгони дар кишвар буда пайваста фишор меоваранд, зери мушту лагад мегиранд, вале барои чинохио дари кишварро боз медоранд. КГБ  солхои 80 пайваста байни донишчуйони афгону точик чангхо ташкил мекард, то байни иронинаждодон ягонаги ба амал наояд. Имруз точикон бе кумаки КГБ ба фишори афгонхо (бисере аз онон  ворисони точиконанд, ки солхои 1920-30 аз дасти болшевикон ба Афгонистон фирор кардаанд) даст мезананд. Сиёсатмадор ва хукукшиноси варзидаи точик - Рахматулло Зохиров аз  точикони Казокистон  буда шачарааш  рафта ба Хоча Ахрори Вали мерасад (у зодаи дехаи точикнишини Богистон мебошад) Расонахои давлати пайваста аз у узбеку одами Узбекистонро метарошанд . Онхое, ки  сарварони кишвари хамсояро илтичо мекарданд, ки то ба онон  пул, силох, таёра, бронитехника… бидиханд, то бародарони хешро нобуд созанд ва савори танку бо дастгирии лашкари узбек вориди пойитахт гаштанд, имруз хешро точик мехисобанду мекушанд, ки  харифони сиёсиашонро, чун  турк ба атрофиён муариффи бинмоянд. Точик касест, ки худро точик мехонад, новобаста дар кучо таваллуд шудасту бо кадом лахча сухан меронад.

     Разведкачиён, шаркшиносон, мардумшиносон мардуми моро аз чор самт  пурра омухтаанд, чои заифи онро нагз медонанд. «Моссад» тавонист, ки полисияи махфии кишвархои собик шурави ва хусусан кишвархои Осиёи Миёнаро муттахид сохта бар  зидди Хокимияти муросои милли  бархезонд, хатто спеснази Исроил бо бахонаи кумак ба яхудиён омода буд, ки вориди Душанбе гардад (вактхои охир маводхои зиёде  пайдо шуданд, ки исроилихо  бо «Моссад»ашон низ дар афрухтани чанги шахрванди сахм гузоштанд) Полисияхои махфи хуб медонанд, ки бемории кавми точик махалгароист ва онро пурра ба кор бурданд.
Порае аз чигари тоҷикро бурида ба Чин хадя намуда ва онро мансабдорон "галабаи бузурги дипломатияи тоҷик» хонданд... Холо Чин тахдиде накарда баъзе аз мансабдорон дар шалворашон тар карда гуфтанд, - агар ин заминро намедодем чинихо то Хоруг пешрави мекарданд. Кишваре, ки 150 генерал дорад зурашон танхо ба мардуми осоиштаи Исфараю Гарму Хоруг мерасад, вале назди неруи беруна очизу лол. Афгонҳои бесилох тавонистанд, ки империяҳои бузурги Британия ва Иттиходи Шуравиро шикаст диханд.


Русия аз 17 075 400 км² масохаташ- 337 км² замин ба Чин дод


Казокистон аз 2 724 900 км² масохаташ - 407 км² замин ба Чин дод


Киргизистон аз 198 500 км², масохаташ - 12 км² замин ба Чин дод


Тоҷикистон аз 143 100 км² масохаташ -1300 км² замин ба Чин дод

Тоҷикистон бе ягон бахсу муборизе масохати 2 баробари Сингапуру Бахрайнро ва ё кариб 700 маротиба зиёдтар аз масохати Монакоро оромона бо ду дасти адаб ба Чин дод


Сан-Томе ва Принсипи 1001 км²

Доминика 754 км²

Тонга 748 км²

Кирибати 726 км²

Микронезия 701 км²

Бахрайн 695 км²

Сингапур 693 км²

Сент-Люсия 616 км²

Андорра 468 км²

Палау 458 км²

Сейшел 455 км²

Антигуа ва Барбуда 442 км²

Барбадос 430 км²

Сент-Винсент ва Гренадини 389 км²

Гренада 344 км²

Малта 316 км²

Малдив 298 км²

Сент-Китс и Невис 261 км²

Чазираҳои Маршал 181 км²

Лихтенштейн 160 км²

Сан-Марино 61 км²

Тувалу 26 км²

Науру 21 км²

Монако 2 км²

Ватикан 0.44 км²


Коршиносон мегуяд, ки чинихо дар оянда бахри карзхои додаашон, ки аз тарафи мансабдорони точик тороч мешавад, кисмхои дигари Мургобро аз худ хоханд кард. Фрухтани масохати 1300 км² ду баробар кишвари Бахрайн фавран вирди забонхо гашт холо он ки заминфуруши (ватанфуруши) солёни зиёд идома дорад. Мансабдороне, ки марказ бахри мустахкам намудани «хокимияти конститусони» ба минтакахо мефиристад, хамаи молу амволи зери назоратшон бударо ва хатто порае аз ватанро ба фуруш мезананд ва ошкоро мегуянд, ки вазифаашонро бо фалон хазор доллар бихариданду бояд пули сарфкардаашонро баргандонданд. Мансабдорони бо Вируси М захролудгашта дар пораи замини фурухташудашон пораи ватани хешро намебинанду балки молиякияти махали гайрро мебинад. Порахои замини точик дар шимолу чанубу гарби кишвар ноаён ба хисоби Узбекистону Киргизистон гузаштаанд. Ба шарофати «сиёсати хирадмандонаи» масабдорон дехахои калонтарини точикнишин кишвар - Воруху Чоркух без замин мондаанд. Кочокбарони афгон бо «ризоияти» мансабдорон 34 гектар замини Шурободро зери назорати хеш гирифтаанд.


     Ононе, ки вируси М ро пахн месозанд, барои миллати точикро боз хам парокандаву заифтар сохтан кунун вожаи «кухистони» ро ба кор мебаранд, холо он ки 93 % Точикистон кухсор мебошад, боз точикро бо рохи сунъи ба кухистонию водинишин чудо месозанд. Бисёрихо даст бар сина зада (академикхо, профессорон, олимон, адибон, рузноманигорон, мансабдорон, дипломатхо…) кухистони будани хешро пайваста зикр карда меистанд, яъне - ман точики одди не, балки кухистониам. Бисёре аз онон хиёнатхои ба миллатшударо танхо аз точикони водинишин мебинанд. Чанги тахмилии Точикистон собит намуд, ки аз кучо ва аз кадом махал баромадани шахс чизеро муаян намекунад. Хоин дар води хам хоин мемонаду дар кухистон хам хоин.

     Ононе, ки кухистони будани хешро пайваста зикр мекарданд: Сафарали Кенчаев, Сангак Сафаров, Мухриддин Ашуров барои ба вартаи хунин кашидани Точикистон сахми асоси гузоштанд. Яке бахри мансаб шуда кишварро ба вартаи носуботи афканда бо лашкари узбек пойтахти точиконро забт кард, дертар лашкараш водии Хисор, Душанбе, аз Кофарнихон то Тавилдарро аз рухониёну тарафдорони нерухои демокративу исломи, бадахшениёну гаримиён берахмона «тоза» кард. Дигари бо муллои КГБ, котиби райкоми «тачовузшуда», муаллими дутори, мардумро ба по хезонда ба Душанбе оварда ба чанги шахрванди поя гузошт, бо дасти худ сарвари вилояти Кулоб Чиёнхон Ризоевро кушт, силохбадастонаш бо дастахои лакайю узбеку араб, нерухойи низомии Узбекистон, гурухи полковник Квачков, узбекхои Дустум пайваста вилояти Кургонтеппаро аз точик тоза кард ва мардуми фирориро ба самти Афгонистон танг намуда дар оби сарди Панч гарк сохт, то зинда мондагонашон абадан ба ватанашон барнагрданд. Сеюмин барои он ки двизияи 201 ба хисоби Точикистон нагузарад, бо ширкати хешовандонашу тарафдоронаш Р. Набиевро дар фрудгохи Душанбе мачбур бинмуд, ки ба истеъфо биравад, то двизияи 201 чун неруи мустакили низомии Кремил дар кишвар бимонаду точикон сохиби артиш нагарданд, дертар барои ба кудрат омадани «хокимияти конститусиони» тоза кардани кишвар аз оппозисия сахми азим бигузошт. Коршиносони узбек «хизматхои» Сафарали Кенчаеву Санкак Сафаровро бахри саркуб кардани харакати озодихохи точик, ки барои кишвари хамсоя хатари зиёде дошт - эътироф мекунанад. Мухриддин Ашуров дертар барои хизматхояш: дар хайати Русия нигох доштани дивизия 201 ва ширкаташ дар чанги дуюми Чеченистон бо унвони Кахрамони Русия мушарраф гардид.

     Як сохибмансаби воломакоми хокимияти Р.Набиев, ки пайваста кухистони будани хешро таъкид карда меистод, соли 1998 чанд мох дар урдугохи генерал Дустум зиста интизор буд, ки кай узбеки афгон Абдурашиду узбеки точикистони Махмуд уро ба Хучанд бурда бо дуои сарвари узбек Ислом Каримов раиси чумхур эълонаш мекунанду Точикистонро чун Корея ба ду кисм пора мегардонад…

      Соли 1961 Кремил бо кумаки як кухистонии мансабпарасте давлати кавии Точикистонро зери сарварии Турсун Улчабоев (котиби якуми КМ ПК Точикистон) Назаршо Додхудоев (Раиси Совети Вазирони Точикистон) сарнагун намуд 700 - 900 нафар бехтарин фарзандони кишвар аз вазифахо барканор шуданд, ба зиндон афтоданд ва ё хукми катл гирифтанд. Кремил мансабпарастро «бахри хизматхояш» дар кишвари чахони сеюм сафир таъин кард. Пас аз солиёни дарозе у дар зодгохаш пайдо мешавад, мардум дар кучахои дехашон марди шортпушу дар дасташ сагчаеро гирифта гаштугузоркунандаро дида ангушти хайрат мегазиданд…

      Танхо афкори бемору бо вируси М захролудгашта чунин андешахоро тавлид месозад, ки дар як мухит кахрамонону дар дигаре танхо хоинон ба арзи хасти меоянд. Хоин - дар хама чо хоин аст.

     Точикон дар мухочират сарсону саргандон гашта бо чашми хеш диданд, ки чи кухистону водинишин чи шимоливу чануби чи сунимазхабу шиамазхаб бахри бегонгон тафовуте надорад, хама барои онхо намоядагони миллати бесохиби точиканд, ки бахри пораи ноне сарсону саргардонад…

      Точикони аз кухистон ба води фароварда шуда дар Турсунзода ба точикони махали бо назари бегона менигаристанд. Лахзае ки лашкари Узбекистон, дастахои каллабури узбекони махалли ба катли омми ононо пардохтанд, точикони махали бетарафиро ихтёр фармуданд. Вакте ки узбекон нохияро аз кухистониён тоза карданд, ноаён аз паси точикони махали гаштанд…

      Мансабдорону депутатхо масохати 1300 км² ду баробари кишвархое, чун Сингапуру Бахрайнро ба Чин дода онро «галабаи дипломатияи точик» хонданд (коршиносон мегуянд, ки ин замин ба ивази 500 миллион доллар фурухта шудаст) бори дигар собит месозад, ки аз баромади махали инсон чизе вобаста нест. Дар парламент танхо ду нафар нахзати зидди ин амали гайриконститусони баромад, агар он руз ба овоз гузошта мешуд, ки хамаи буду набуди Точикистон бо мардумаш ба Чин дода шавад, депутатхо якдиллона овоз медоданд, зеро мансабдорони мо зи хисси миллию кишвардори махруманд,  вале хисси махалгароиашон ба 1000% мерасад. Онон аз Абдулло Рахимбоев, Файзулло Хочаев, Абдурауф Фитрат… чи тафовуте доранд? Хадафи ин равиш - ба кухистонию водинишин, шимолию чануби, сунию шиа... чудо намудани точик, миллатро заиф сохтану пароканда кардан аст. Чудосозандагон накшахои "дустони" моро пиёда меукнанд, зеро хангоми парокандашави неруи зехнию чисмони миллат заиф мегардад. Шахрхои кадимаи точикро низ куххо ихота намудаанд, вале онон худро кухистони наметарошанд, зеро ин яке аз нишонахои авомист.

      Дар Афгонистон чудо шудани точикон ба бадахшони, панчшери, хироти мавкеи паштунхоро кави сохту дар Точикистон парокандагии точикон ба бадахшони, кулоби, сугди, гарми…мавкеи нерухои берунаро мустахкам бинмуд, то зуран ба гардани точикон чанги шахрвандиро бор бикунанду хамаи дорои кишварро ба горат бибаранд.

      Бузургии ислом дар он аст ки миллату кавмхои мухталифро зери парчами Илохи гирд оварда ба бузургтарин дини дунё табдил дод, бадбахтии махалгароён дар он аст ки миллати ягонаро пора - пора сохта ба як тудаи бехукуку бесохибу гулому мардикор табдил доданд.

       Холо як грух «олимони» ба шарофати Фронти халки сохиби унвонхои академику профессор шуда, ки магз андар магз бо вируси М захролудгашта, кушида истодаанд, ки забони адабии точикро, ки дар Бухорову Самарканд  ташаккул ёфтааст, бо лахчаи хеш иваз кунанд ва гурухи дигар дар кушиши онанд, ки пойитахт ба минтакаашон  кучонида шавад. Гарчанде, ки дар замони шурави кисми зиёди ахолии Душанберо русзабонхо ташкил мекарданд, вале точикон ба забони адаби сухан меронданд, кунун забоне, ки аз он нахкати Бухоро меояд  чойи хешро ба лахчаи Фронти халки, ки  бо вожахои феня (забони олами чинои) омезиш ёфтааст додааст. Оё ин лахча миллати точикро, ки намояндагони лахчахои мухталифро дар бар мегирад бо хам оварда накши забони миллатро муттахидкунандаро ба чой оварда метавонад, то чойгузини забони ашрофзодагони Бухоро гардад? Ононе, ки пойтахти чадиди точиконро бунёд карданд, мекушиданд, ки он чойгузини Бухорои Шариф бошад. Забон, одобу рафтори Бухоро тадричан махв мегардад (дар бораи беодобиву дагали, зуроварию пулситони, гумшавии богочи мусофирон... дар фурудгохи Душанбе расонахои чахони пайваста менависанд. Шояд он ягона фурудгохи байналмилали чахон бошад, ки кормандонаш бо мичозон на бо забони давлати, балки бо лахчаи дехаи хеш сухан меронанд)  Дин мубини ислом, ки нишонаи олии  Бухорои Шариф аст, имруз дар Душанбе пайваста зери фишор аст, мансабдорон мекушанд шумораи масчидхо кохиш ёбаду  дар пойитахт садои азон шунида нашавад. Ачнабиён дар шигифтанд, чи тур  хешро ворисони Бухорои Шариф мехонанду  боз Дини Илохиро зери фишор мегиранд.  (Туркия кишвари исломиест, ки аз хама зиёд масчидхоро  дорост. Сатхи зиндагии Туркияю Точикистон хатто кобили мукоиса нест. Вакте ки президенти Туркия  дар намози чуъмаи Душанбе ширкат варзид, мансабдорони точик шигифтзадда гаштанд)  

       Чанги шахрванди дехотиёнро шахрнишин бинмуд, онон тарзи зисти пойитахтро напазирутфа зуран урфу одат лахчаи хешро ба сари он бор мекунанд. Хоричиёни забони адабиро омухта  ба Душанбе меоянду хайрон мегарданд ки касе забони ононро намефахмаду касе ба он сухан намеронад ва аз бо адаби сухан рондан атрофиён хазар мекунанд. Пойитахт бояд бо тарзи гуфтору рафтораш барои атрофиён намуна бошад, вале Душанбеи наврас чун  Бухоро солхурда неруи онро надорад, ки аз фарханги дехнишинон хешро дифо кунад.  Дар хамаи  идорахои давлати аз касри президент сар карда  то мактаби дехаи дурдастарини кишвар забони адабиро инкор мекунанд, гарчанде, онро расман гайриконуни эълон накардаанд. Бисёре аз мансабдорон хатто дар хорич аз кишвар дар вохурихои расми бо лахчаи дехаи хеш сухан ронда атрофиёнро дар шигифт мемонанд ва зердидастонашонро мачбур месозанд, то бо лахчаи онон сухан ронанд.

      Оилахое, ки дар рушди кишвару миллати  мо сахм гузоштаанд, кунун мекушанд фарзандонашон дар мактабхои руси тахсил кунанду бо руси сухан ронад, холо он ки дар замони шурави фарзандони онон дар мактабхои точики тахсил мекарданд. Ашрофзодагони точик худро ба фазои славяни пайваста мекушанд хешро аз фишори фарханги Фронти халки бо хуну силох ба пойитахт ворид шуда начот диханд. Фарханге, ки Сафарали Кенчаев, Сангак Сафаров, Файзали Саидов бо кумаки генералхо Мухриддин Ашуров, Рустам Ахмедов ва зери сарвари «рохбарии хирадмандонаи» Борис Елсину Ислом Каримов бо Калашников, БТР, БМП, Т-72  ба пойитахт оварданд дар худ тарсу харос, нафрату кудурат, фишору дагалиро чабидааст ва намегузорад, ки миллати точик бо хам омада зи маризи махалгарои начот биёбад. Танхо забони адаби неруи онро дорад, гуруххои мухталифи точикро бо хам пайваста то сатхи миллати ягона бардорад. Русхо дар аёмаш дарк бинмуданд ки махалгарои кишваррашонро ба самти порашави мебарад, берахмона малалгароиро решакан карда мардуми парокандаи гуруххои мухталифи этникро зери  забони ягона мутахид сохта империяи бузургеро ба арзи хасти оварданд.

      КГБ барои он ки чомеаи точикро пайваста зери назорат дошта бошад, гуруххои махсусе дошт, ки байни махалхо низохо ташкил мекарданд (бештар байни точикони бадахшоню кулоби) Идорахои чосуси холо барномахое, тахрези намудаанд, ки точикон аз миллати хеш руй тофта худро бо номи махалашон муариффи намоянд, то дар оянда Точикистонро ба се кисм пора созанд. Груххои махсуси зери назорати разведкахои хоричи амалкунанда   ба мухочирон фишор меоранд, то хешро аз дигар  гурухои точикон канор бигиранд,  бо точики сухан наронаду худро точик нахонанд. Агар пахншавии вируси М -ро пешгири накард, ногузир кишвар пора гашта аз точику Точикистон ному нишоне нахохад монд. Аз тарафи идорахои чосуси  дар бораи махалхои мухталиф латифаву овозахо панх  карда мешавад, ки дар он намояндаи ин ва ё он минтака тахкир ва масхара мегардад, то ягонаги байни миллати точик  ба вучуд наояд. Ба точикон ноаён талкин менамоянд, ки гуё онхо аз ухдаи давлатдори намебароянд, зеро махалгарои дар хунашон чой шудааст ва бояд чун чумхурии автономи ба сафи ягон кишвар (академику профессорони Фронти халки низ пайваста ин лоихаи аз берун омадаро ба омма талкин мекунанд) ворид шаванд. Ваъзи сиёсиву ичтимои дар Гурчистон аз Точикистон бех набуд, (махалгарои дар байни гурчихо низ нихоят зиёд аст) хангоме, ки сиёсати давлат тагир ёфту кадрхои механпараст ба сари кудрат омаданд, ин маризи бо тадрич ру ба кохиш овард.

    Мансабдоре дар нишасте ба ситоиши махали хеш  мепардозад - Руссия хамеша пушту паноху дусти  мо кулобихо хохад монд… Марди солхурдае мегуяд ки бахри империяхо дуст вучуд надорад. Руссия соли 1920 - мо пушту панохи шумоён гуфта бо дасти як гурух бухориён Бухорои Шарифро нобуд карда бо кумаки онхо хамаи он чизе ки ба точикон мансуб буд ба ихтёри узбекхо  гузошт, 46 сол бо дасти ленинободихо хокимиятро дар Точикистон зери назорат гирифт. Вакте ки ленинободихо нодаркор шуданд бо кулобихо дуст гашта бо дасти онхо гармиёну бадахшониёнро торумор намуда карлуку лакайхоро ба сари давлат шинонд. Холо дар атрофи помирихо тор танида онхоро ба худ наздику аз точикон дур андохта, Бадахшонро оянда аз Точикистон чудо кардани… Рузе ки кулобихо нодаркор шуданд бо дасти ягон гурух онхоро сарнагун карда гурухи заруриро ба мансаб мешинонанд. Империяхо пеш аз хама манфиатхои хешро ба инобат мегиранд, барои онхо кулобию гарми ленинободию помири лухтаканду бас….  


      Вируси М натанхо дар муносибати байни одамон ва махаллхо ба назар мерасад, балки тамоми сохахоро фаро гирифтааст: сиёсат, артиш, идорахои давлати, илм, адабиёт, матбуот, телевизион, радио, донишкадахо, мактабхо, саноат… Хатто дар рох, ки дар он хисси махалгарои набояд ба чашм расад низ вируси М реша давондааст. Хамаи роххои кишвар аз хисоби карзхои хоричи сохта шудааст, маризи махалгарои мансабдорон ба он оварда расонд, ки махз барои шимолихо рафту омад ба дили кишвар – Душанбе пулаки шуд. Мардум ин муносибати ноодилонаи давлатдоронро нисбат  хеш дарк карда худро дар кишари хеш бегона мепиндоранд.

     Хисси махалгарои ба либос низ таъсир гузоштааст. Точикон токихои мухталифи зебо доранд ва  хеч гох точик дар токиаш наменавишт, ки у намояндаи ин ва ё он махал аст, кунун дар токи зикр кардани махал муд шудааст. Дар консертхо мачбур месозанд, ки танхо либоси як махал муариффи карда шавад, либосхои Самарканду Бухоро бошад бо тадрич насиби узбекхо гашта истодааст. Хар махал мекушад, ки  бо дабдаба чашни  хешро гузаронаду ба дигарон собит созад, ки таърихаш аз хама волотару кухантар. Яке аз кашоктарин кишвархои дунё ба маркази чашнхои пурдабдабаю серхарч (коршиносон мегуянд, ки танхо барои парчами "балантарини чахон" -135 ва чойхонаи "калонтарини чахон" -60 миллион доллар сарф шудааст)  табдил ёфтааст. 

      Кишваре, ки дар чанги тахмили 150 - 375 хазор фарзандонашро аз даст дод даххо хазор нафар  хангоми «чисткахои» Фронти халки ба катл расида дар кабрхои умуми зери хоканду то хол шахидони чанги бародаркуширо бо урфу одати бобоги дафн насохтанд, садои тавбаю надомат ба гуш намерасад, фазоро суруду ракс, ситошу мадхияхони фаро гирифтааст. Хар сол мансабдорон, созмонхои чаъмияти, матбуот 25 нафар сархадчиёни дар пойгохи 12 ум (13 – 07 – 1993 с.) халок гаштаро ба ёд меоваранд, вале касе 150 – 375 хазор курбонии чанги Точикистонро  ба хотир намеорад

Адабиёти солхои 90  ба ситоиши силохбадастони Фронти халки пардохта аз кумандонхои сархур "кахрамонхои милли" сохт. Баъзе аз адибонро  маризи махалгарои водор бисохт, то сихол ба даст гирифта бо Туркфронти Ислом Каримов бипайванданд. Вакте ки каллабурони Туркфронт саврари собики созмони адибони вилояти Кургонтеппа, шоир Пиримкул Сатториро аз хонааш берун бурда дар пахтазор парронданд, созмони адибони кишвар мухри хомуширо бар лаб зад, хатто напурсиданд ки оилаи шоир чи холе дорад. Адибон хаводрони асили Туркфронт бошанд ба мансабхои баланди давлати сазовор гаштанд, мансабхои хунине ки бахри онон чони дахо хазор инсонро курбон сохтанд. Дертар бисёре аз туркфронтчиёни каламбадасту Калашников дар кифт, ки дар катли омми миллати точик ширкат варзидаро ба сафи созмони адибон пазируфтанд (Устодон Айни, Лохути, Турсунзода… агар медонистанд, ки бо чи ашхосе ононро дар як саф гузоштаанд, аз кабр бармехостанд)  Пас аз ба сари кудрат омадани Туркфронт сафи созмони адибони Точикистон 5 маротиба афзуд, вале дар адабиёт номи наве пайдо нашуд. Бо Калашникову туркию зури махалгароию нафрат хушомадгую косалеси адабиёт хеч гох нуму нахохад кард. Адибони Туркфронт забони адабиро инкор бинмуда бо лахчаи хеш баромад мекунанду менависанд, нисбати дини мубини ислом нафрат доранду аз хуруфоти форси дар хазаранд, шогирдони Аскар Хаким, Мехмон Бахти, Низом Косим худ ба адабомузи ниёз доранд. Мактабе ки устод Айни бо ашрофзодагони точик созмон дода буд, дигар вучуд надорад. Адабиётшносони асилу дустдорони адаб дар сухбатхои махрамона адабиёти мазкурро адабиёти Туркфронт, адабиёти Калашниковдорон, адабиёти лакайхо… мехонанду асосгузори онро Хакназар Гоибро мехисобанд, зеро у аз рузхои нахустин дар сафи Бобои Санкак, Бобои Хайдар, Рустами Абдурахимов истода ба сари кудрат овардани Туркфронти Ислом Каримов хиссаи назаррасе гузошт. Адабиёте ки аз дардхои мардум хешро канор гирифта ба ситоиши сарварони кишвару туркфронтчиёни собик банд аст, гуё хабар надорад миллату кишвар дар чи ваъзи сангине карор дорад. Дар вохури бо президент пайваста масъалахои шахсии хешро мебардоранд, холи мухочирони бесохибу сарсону саргардон, бухронхои маънавию иктисодие, ки кишваро фаро гирифтааст ба ёди «адибон» намерасад. Точикистон ба кишвари адибону рухониёни дарбори табил ёфтааст, ки  бидуни  мадхиясароию хушомад ба масабдорон чизе аз дасташон намеояд.

    Як мадихиясарои дарбориро наздиконаш мегуянд, ки - амак, шумо хочи, поятон ба лаби гур расидааст, кучое ки як мачлисиу маърака хаст шумо хозиру нозир, шарм доред аз мардум, одамойе ки парвои халка надоранду корашон маишат, шумо  онхоро бо Сипетамену Сомонию Гафуров баробар мекунед. - Хукумат худаш моя даъват  мекунанд, ки - амак  як мехмони оликадр мебиёд, чорта таъриф кунед, ки  аз кори мо рози шуда равад. О  халки мо сода, инхо - яшан отамиз Ислом Абдулганиевич, гуфта ин кадар одам кушта сохиби мансаб шудан, баъд  халкба хизмат мекардаст - ми, дунёи дурузешба маишаташа карда мегирад…Яктеша чудо таъриф карда Сталинба баробар кардам, 500 доллар буроварда дод, о, ин дусола нафаки мо… Хари лулия об тею пулаша гир гуфтен…

      Вируси М дар муносибатхои оилави низ реша давондааст. Бисёрхо намегузоранд, ки фарзандонашон бо намояндаи ин ва ё он махал оила барпо кунанд, вале бо осони бо узбекхо, лакайхо, славянхо, туркхо, хитойихо… хешу табор мегарданд. Агар Исроил кишвари сионистон бошад, пас Точикистони мо ба кишвари махалгароён табдил ёфтааст.  

      Бемори саратон (рак) аз он сар мезанад, ки  хучайрахо дар  бадани ягона мухторият ташкил кардани мешавад ва ягонаги бадан вайрон мегардаду он ногузир ба марг бурда мерасонад. Ваъзи рухи миллати мо бемории саратонро мемонад, зеро ягонаги вучуд  надорад.

      Дар як шахрчаи Сибир точикон пайваста зери фишори кафкозихою гуруххои чиноии махали буданд, муллое пайдо шуду точиконро мо намоядадаи ин ва он махал нестем, балки мусулмонему точикем гуён  муттахид сохт, сипас узбекхою киргизхоро дар атрофи точикон - мо як кавми мусулмон гуфта гирд овард, фавравн мавкеи кавмхои Осиёи Миена дар он шахрча тагир ёфт. Гузаштагони мо бо ин услуб  Осиёни Миёнаро идора мекарданд, то бегонагон бародарони мо: казоку киргизу туркману узбекро зидди  мо истифода набаранду ворид ин сарзамин нагарданд.

   Дигар миллатхоро маводи мухаддир, шароб, фиску фучур ба самти нести барад, миллати моро  вируси М ноаён ба коми марг мекашад. Ягона рохи начот зери парчами Илохи гирд омад, зеро дар фосилаи хазор сол миллати моро аз бухронхои  мухталиф дини Илохи берун кашид. Бидуни ХУДОВАНД моро пушту панохе нест!

   Точик хангоме, ки бо ислом буд точдор гашт, на туркону на мугулон бо у коре карда натавонистанд, вакте ки исломро аз байн бурданд, дар фосилаи кутохе (70 сол) аз точику точаш ному нишоне намонд. Имруз хам мекушанд, бо хазору як бахона точикро аз ислом дур созанд, то точик ба асли хеш барнагардад ва рисолати асосии хеш пахнкунандаи дини исломро дар Осиёи Миёна ва дигар кишвархои собик шурави ба чой оварда (тахминан аз 7 то 17% имомонро дар масчидхои Русия точикон ташкил медиханд) натавонанд. Вакт нишон дод, ки танхо ислом неруи онро дорад, ки чомеаи моро дар атрофи дини Илохи гирд оварда аз маризихои мухталиф хусусан аз вируси М пок бисозад. Ононе, ки чанги тахмилиро дар Точикистон тахрези намуданд бештар ба гуруххое такя карданд, зи дини Илохи дар канор мондаанд. Вакте ки рухониёну шахсиятхои маъруф ба Сафарали Кенчаеву Сангак Сафаров борхо фахмонданд, ки рохи пеш гирифтаатон  хатосту он ба точикуши меанчомад, аз рохатон баргардед, харду пайваста чун тути суханони бегонагонро такрор мекарданд, "вахобиёнро бояд нест кард". Вакте ки  "вазифаашон"ро ба чой оварданд хардуро аз байн бардоштанд.

    Сентябри соли 1920 охирини давлати точикон дар Осиёи Миёна – Аморати Бухоро болшивекон нобуд сохтанд, дертар онро байни Точикстону Туркманистону Узбекистон пора сохтанд, соли 1992 абаркудратхо аз нав кушиданд, ки Точикистонро пора кунанд, вале муковимати шаддиди оппозисия ба ин монеъ шуд. Холо «дустони мо» ба хулосае омаданд силохи бехтарин бахри пора кардани Точикистон и вируси М аст, зеро ин амалёт нихоят арзон меафтад ва бо дасти худи точикон амали мешавад. Набарде, ки ба таёраву танку сарбоз ва харочоти моли ниёз надорад. Бисёре аз махалгароёни ашадди бо разведкахои хоричи робита доранд. Вакте ки генерал Мухамадаёз Навчувонов ба намояндагони оппосисия гуфт, ки - аз Резвон хушёр бошед, зеро у одами ГРУ(разведкаи низоми) касе бовар накард. Лахзае ки ошкор гардид, ки Резвон  нияти нобуд  кардани рохбарияти оппоситсияро дар сар дорад, дарк намуданд, ки «хазрати» Резвон чи шахси «табарруке» будааст. Чанги дохилии Точикистон аз он огоз гардид, ки Кенчаев тавассути телевизион точикони бадахшонро тахкир кард, аз у талаб карданд, барояд  узр пурсад, то мардум пароканда шавад, вале у нахост аз одамони зиёда аз 46 шабу руз  зери барфу борон дар назди дари президент нишаста узр бипурсад.  У худро алакай дар курсии президенти медид, зеро «дустон» ин ваъдаро ба шахси вафодорашон бармахал дода буданд. Ва «дустон» Фронти халкиро махз барои ба сари кудрат овардани Кенчаев ташкил карданд.

       Зинда мондани миллати точик вобаста ба он аст, ки оё у дар хеш неруе меёбад, ки аз чанголи вируси М начот ёбад ва ё вируси М уро ба бойгони таърих меафканад.

     Сарнавишти точику Точикистон сарнавишти Кадриддин Аслоновро мемонад. Шахсе, ки истиклолияти Точикистонро эълон карду кушид, ки то дар кишвар сулх хукфармо бошад, вале хисси махалгароии точикон боло гирифту бо туркхо пайваста уро бо азобу шиканчахои зиёде куштанд. Имруз хатто касе намедонад, кабри касе ки истиклолияти Точикистонро эълон намуд дар кучост. Ва дар чашни истиклолият номи уро ба забон намегиранд.

     Точикро дар дохили кишвару  берун аз он, хох дар Афгонистон, Ирон, Покистон, Хиндустон, Казокистон, Киргизистон  ва ё дигар гушахои дунё вохуред, хамагон мегуянд, гузаштагонашон  аёме  аз Бухоро ва ё Самарканд ба ин макон хичрат кардаанд. Мо хамагон фарзандони ин ду шахри бузурги ирониёни шаркием. Дили мо пайваста месузад, ки бо фиребу найранг  бо зурию турки Модаршахрхои моро зи мо рабуданд. Кунун мекушанд бо афзудани вируси М  моро ба хамдигар чун бегона нишон бидиханду бокимондаи миллати моро пароканда бисозанду ба бойгонии таърих биафкананд.

   ХУДОВАНДО! Гунахои миллати моро бубахшу кумак бинмо, то кишвару миллати  азияткашидаи мо зи маризи махалгарои начот ёбад!

                                         
                   Хабиб Саид марти 2011 Урали Чануби

        

         Оё шумо бо вируси М захролуд гаштаед?


 

1.     Шумо хангоме, ки бо точике во мехуред, мекушед пеш аз хама аз кучо будани уро муаян созед? Шумо дар сухбат бо атрофиён, пайваста кучои буданатонро такид карда меистед?

2.   Шумо атрофиёнро мачбур месозед, ки бо лахчаи шумо сухан ронанд? Вакте ки суханронии адабиро мешунавед асаби мегардед?

3.   Шумо мехохед, ки дар хамаи зинахои давлатдори хамшахриву хамдехагони шумо шинанд, гарчанде ки онхо ба ин мансабхо сазовор нестанд?

4.   Хангоме ки дар бораи махали дигар суханхо кабех ва ё масхаромез мегуянд оё шумо аз ин хурсанд мешавед?

5.    Дар нобаробарихои хеш, дехаи хеш, махали хеш… шумо дигар махалро гунахгор месозед?

6.   Ба точикони Афгонистон, Узбекистон, Киризистон, Чин… оё бо чашми бегона менигареду онхоро фавран афгон, узбек, турк, хитои мехонед?

7.    Агар шумо рохбар бошед, мекушед дар  атрофатон хамдехагон хешро гирд оварда  идораи давлатиро ба сафоратхонаи дехаатон табдил медихеду чаласахоро ба лахчаи дехаи хеш мебаред?

8.   Агар аз радио ва телевизион мусики махали дигар садо дихад, шумо асиби мегардеду фавран онро хомуш месозед?

9.   Агар хаммахали шумо нисбат ба миллату кишвар  хиёнат кардааст, шумо мекушед, ки уро сафед кунеду  аз у кахрамон тарошед, ба атрофиён собит месозед, ки аз макони шумо хеч гох хоинон намебароянд?

10.Хангоме, ки перомуни  махале сухан меронед лакаби тахкиромези онро (ин лакабхо дар озмоишгоххои КГБ тахрези шудаанд) ба забон мегиред?

11. Вакте ки шумо мегуед, ки «мо точикон…» шумо пеш аз хама минтакаи хешро дар назар доред ва ё хамаи точиконро?

12. Шумо дар гариби точикеро дучор мегардед, ки ба холи сангин афтодааст, шумо ба у дасти кумак дароз менамоед, зеро у намояндаи  махалли гайр аст?

13. Берун аз кишвар шумо хешро бо номи махалатон муариффи менамоед, ё худро назди бегонагон "горный таджик", "ариец" хонда   гуруххои дигари точикиро паст мезанед?

14.Агар правакаторе бигуяд, ки фалон хаммахали моро аз вазифа гирифтаанд, силох гиридеду ба мошинхо савор шавед… оё шумо дар амалёт ширкат меварзед?

15. Хангоме, ки дар интихобот ширкат меварзед, шуморо бештар баромади махали номзад ба худ чалб менамоед, ё сифатхои инсонии у?

16. Вакте ки  ягон наздикатон ба намояндаи махали дигар риштаи хешу табори пайваст шумо уро махкум мекунед?

17. Дар махале мехмон мегардед, урфу одаташ аз махали шумо тафовут дорад, фавран ба танкиди он махал мепардозед? Ё зуриатонро нишон дода чанг ташкил мекунед, то номи махалатонро дар хама чо бишинонед, ки будани шуморо хама бидонанд?

18. Точикеро, вомехуред, ки дар байни туркхо ва ё славянхо ба воя расидааст, ба забони точики бо душвори сухан меронад ва ё кариб намедонад ва дар симояш нишонахои ирки гайр хувайдост, шумо уро бегона хонда худро аз у канор мегиред, ё дар симои он бародари хешро мебинед? 










Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر




БУХАРА




Бобочон Гафуров




ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР




Душанбе




Душмани №1 точик - вируси М




Двоеженец с Кукуя




Любовь на просторах « Долина Любви»




Исфара




Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...




Махмудчон Вохидов




ИНSАЙТ




НАСРИ НАВИН




Новеллахо




О таджиках и про таджиков




Проза




Садриддин Айни




Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода




Таджикистан  в картинках




Таджикская музыка




Таджикская музыка - ретро




Таджики Китая




Танз




ФАРЗОНА




Хоча Ахрори Вали




Хабиб Саид




Хабиб Саид - SoundCloud




ШАШМАКОМ




Итальянец, тетя и Золушка
https://www.ljubljuknigi.ru/store/ru/book/%D0%98%D1%82%D0%B0%D0%BB%D1%8C%D1%8F%D0%BD%D0%B5%D1%86,-%D1%82%D0%B5%D1%82%D1%8F-%D0%B8-%D0%97%D0%BE%D0%BB%D1%83%D1%88%D0%BA%D0%B0/isbn/978-3-659-99878-2

Комментариев нет:

Отправить комментарий