«Моссад» ва сарнавишти хунини точикон


   Дар афрухтани чанги шахрвандии Точикистон  номхои  - Елсин, Козирев, Каримов, Кенчаев, Сафаров, ГРУ, СРУ, дивизияи 201, нерухои оппозисион, Фронти халки, рухониён, махалгароён, коммунистон, пантуркистонро…  ба забон мегиранд, вале  перомуни «Моссад» кавитарин разведкаи чахони муосир, ки яке аз ташкилкунандагони асосии чанги хунини Точикистон мебошад, касе сухан намекунад, зеро «Моссад» ончунон  ноаён  амал мекунад, ки аз худ изе намегузорад.
       Соли 1992 яке аз сарварони воломакоми «Моссад» фосилаи тулони дар Осиёи Миена буд. Сарварони кишвархои  минтакаву Русияро  зидди Хокимияти муросои милли омода намуда пайваста хотирасон  менамуд, ки агар ин хокимиятро имруз нобуд насозем, фардо исломгароён  кишвархои  шумоёнро низ зери назорат  хоханд гирифт. Бо бахонаи кумак барои ихрочи яхудиёни   Душанбе, гуруххои махсуси низоми Исроил хатто омода буданд, то вориди кишвар гарданд. 



Георгий Гурдчиев - шогирди шайхони точику устоди Сталин


    Дар сомонаву шабакахои ичтимои аксу суханони Сталин дар бораи точикон ки дар  дахаи  адабиёту санъати точик соли 1941 дар Маскав гуфта  буд, пайваста  гардиш дорад. Аксарият хайронанд ки  барои чи дохи ин суханонро махз дар сифати точикон гуфт? Холо он ки лоихаи асосии болшевикон дар Осиёни Миёна - узбекхо ба хисоб мерафтанд, то бо дасти онхо фазои форсиву иронинаждодонро танг бинмуда ононро ба партобгохи таърих биафкананд.
    Шогирдони семинарияи дини Иосиф Джугашвили ва Георгий Гурдчиевро  омузиши мистика (тасаввуф, илми гайб) ба хам наздик овард ва дертар хардуро  аз семинария ронданд. Гурдчиев ба омузиши сиру асрори  дину равишхои мухталифи фалсафаю равоншиноси пардохта ба кишвархои зиёде сафар кард. Шоири чавон Иосиф бошад ба марксизм  таваччух пайдо намуд. Чустучуйи илм Гурдчиевро  ба Туркистони Русия овард. Аз Самарканд вориди Бухоро Шариф гашта назди шайхони равияи накшбандия  чанд сол омузиш дид ва сипас тавассути Самарканду Зарафшон вориди Афгонистон гашта омузишашро назди пирони равияи накшбандия идома дода  аз он чо ба Тибет рафта 10 сол дар чо монд.


                                 Ман точик нестам… 


    Дар рох тасодуфан  бо Ирина Александрова вохурдам. Дар мавзухои мухталиф сухбаткунон ба самти вокзал равон шудем.
Оё дар Точикистон  миллате бо номи памирес зиндаги мекунад?
- Точикони Точикистон  аз чор гурухи бузург иборатанд. Имруз  телевизион, радио, матбуот  аз точикон душман метарошанд, баъзехо мекушанд  худро ин чо точик нею чун памирес, кулябес, согдиес, гармес -  ба атрофиён муаррифи кунанд. Барои чи пурсидед?
- 10 май аз бозор бармегаштам. Дар охири  машрутка ду марди калонсолу писарчаи  мактабхон менишастанд, дигар хама занхо буданд. Ба ногох яке аз мардхо ки маст буд ба сари марди дигар доду фарёд бардошт - шумоёнро бояд нобуд кард, ман дар чанги Точикистон  ширкат варзидам, чуркахои зиёдеро куштаам, агар лозим шавад дар ин чо хам мекушам… Ва писарчаро аз кифташ гирифта сахт такон дода  фарёдзанон дашномхои кабех намуд, у аз тарса  меларзид, он мард бошад ба чойи он ки писарчаро дифо кунад, хомуш менишаст.
                          Душмани №1 точик - вируси - М


Точикон дар симои туркхо, славянхо, сионистон, пантуркистон, салибдорон… душманони хешро мечуйянд, холо он ки душман дар руху калби  хар як точик чун вирус манзил гирифтаасту афкору рафторашро пайваста зери назорат дорад, соаташ даррасад вирус ба амалхои густурдае даст хохад зад. Вирусе, ки миллату механаи точикро рухану чисман хароб месозад – М (махалгарои) ном дорад. Вируси М  ноаён миллату кишварро ба самти харобию порашавию муфлисию таназул мебарад. Бегонагон бахри пиёдасозии хадафхои хеш  вируси мазкурро нихоят чирадастона истифода бурда, тавассути гумоштахои хеш мекушанд, ки он дахчанд афзоиш биёбад. «Дустони» мо вируси М ро  бахри хадафхои муайян равона намуда чанги тахмилиро тахрези намуданд. Барои он ки точик зери фишори азоби вичдон намонад, ки у бародарашро мекушад, бахри чашмро бастану вичдонро гул задан вожахои "вовчику" "юрчикро" ба кор андохтанд, яъне - ту бародаратро намекуши, балки "вовчикхоро" мекуши, онхо низ душманои ашаддии моянд ва бо мушовирону сарбозону чархболу танку тупхояшон ба кумаки «бародаронашон» бишитофтанд.
           Фаранчоми гамангези пантуркисте


      Дар вокзали хурдакак чанд нафар  интизори автобус менишастем, дар берун бурон  барфро ба самти дилхохаш меруфту мебурд. Мусофирон андухгин буданд, ки оё дар чунин хаво автобус ба рох  мебарояд ё не. Зеро дар чунин маврид  характи наклиёт катъ мегардад, то мусофирон  курбони сардию туфон нагарданд. Марди саропо барфзеркардае вориди  вокзал гашт, фавран худро назди  батареяи гарм гирифт, аз андомаш аён буд, ки майзадаест ва ё бомже. Вакте  ки каме гарм шуд ба талбидан огоз кард, чавонтаринон  бо танаффур аз наздашон меронданду пирон бошанд  чанд тангае ато менамуданд. Тангаи ман дароз намударо гирифту пахлуям нишаст. Тахмин кардам  у тотор ё бошкирд аст. Сухан огоз карда аз миллатам пурсон шуд, фахмид, ки точикам, гуфт, ки ман низ точикам. Аз тарзи суханрониаш аён буд ки аз узбекхои Точикистон мебошад. Дуру дароз саргузашташро накл намуд. Ба назарам намуд, ки ин чехраро дар кучое дидаам, вале ба хотир оварда наметавонистам, ки дар кучо? Хангоме ки у гуфт, ки дар рохи охан кор мекард, фавран ба хотирам расид, ки дар назди ман ки нишастааст. Пурсидам оё ту фалони нести? Мутахайир ба самтам бингарист…

 Памирес, кулябес, согдиес, гармес…


    Як шиносам занг зада илтимос кард, ки ним сол шуд аз чиянаш хабаре нест, телефонаш чавоб намедихад, касе нест ки зи холаш пурсон шавем ва ба ман нишонаеро дод ки дар он чо, то нопадид шуданаш чиянаш мезист. Дар фосилаи  се соат бо электирчка ба он шахрча расидам ва хавлии заруриро дар канори шахр дарёфтам. Ба садои занг марди 55 - 60 солае берун омад. Сохиби хона Шариф аз фирориёни точик будааст, ки  пас аз он ки «дустони мо» дар касри Арбоб «хокимияти конститутсиониро» ба сари кудрат шинонданд, кишварро тарк кардааст. Ин чо ба корхои мухталиф шугл варзида нихоят пешаи ронандагиро пеш гирифта хона харида оилаашро овардааст…

Сабаби омаданамро фахмида гуфт:

- Бисёр бачи сабук. Бо чиянхои ман дар бозор кор мекард, даромадаш бад набуд, аз кучое точике пайдо шуда точикхоро пулхои калон ваъда карда чангалбури бурд. Гуфтем нарав, одами ношинос, мебарад ба арманихо ё русхо ба гуломи мефурушад, дигар умрибод аз чангал намебарои.

                                Сталин ва точикон

       Хизмати дохии сурх барои барпои кишвари точикон нихоят бузуруг аст. Хангоме, ки точиконе, чун Файзулло Хочаев, Абдурауф Фитрат, Абдулло Рахимбоев вучуд доштани миллатеро бо номи точик инкор мекарданду дар хизмати пантуркистон камар баста буданд, фарде, ки дар шараёнхояш хуни гурчиву осетиниву яхуди чорист бахри дифои иронинаждодони шарки бархост. Барои чи у дифогари ирониёни шарки шуд? Бисёрихо хадафи сиёсии ин икдомро пеш меоранд, бале, ин хадаф вучуд дошт. Мухолифин Сталинро чун фарди чалласаводе ба омма муаррифи кардани мешаванд, пайваста онро зикр мекунанд,   ки у бо руси бо лахча сухан меронд. Бисёре аз олимони намоёни шурави, ки дар  бунёди лоихахои азими империяи сурх  ширкат варзиданд дар хотирахояшон навиштаанд, ки  мутахайир  буданд, ки  дохи дар мавзуъхои техники  бо онхо баробар гуфтугузор мекард, холо он ки  у чанд сол дар семенарияи дини тахсил кардаасту баст.
Танкисте ки дар сар орзуи фатхи Бадахшонро дошт


    Бо шиносам  ки тасодуфан вохурдам дар кахвахона нишаста  сухбат мекардему дар шигифт будем ки агар бо киргизхо чанг сар занад, кишвар ба чи холе хохад афтод? - Кадрхои Фронти халки ягон корро халлу фасл карда наметавонанд, баръакс аз ягон чизи ночиз муаммо эчод мекунанд, руйдодхои Гарму Хоруг бори дигар инро собит сохт. Даври шурави вазирхои савдои Точикистон хамеша исфарагихо буданд ва исфарагихо бозори калонтарини меваи хушки  Осиёи Миёнаро созмон дода корчалони хешро бори дигар собит сохтанд. Ихтёрро бояд ба худи исфарагихо во гузошт, зеро онхо хазор сол боз  бо киргизхо пахлу хам зиндаги доранд ва медонад чи тур бо онхо муомила бинмуд ва чойи заифи хамсояшон  дар кучост. Кадрхои гуруснаи Фронти халки аз марказ барои пур кардани чайбашону шикамашон  ба Исфара партофта мешавад танхо манфиати худу махалашонро дар мадди аввал мегузорад, бахрашон ин махалу ин мардум аз кавми бегонае беш нест… Киргиз мардуми тарсончак нес т ки уро бо дугу пуписаву Калашникову мо «муридони» Сангаку Файзали гуфта битарсониву коратро буд куни…
                             «Дипломати точик»

   
      Рузе ки ба шахр меравам хатман  ба дидори Нуриддин мерасам. Дар мавзухои гуногун сухбат мекунем, шиносхои дар Душанбе будаву хамкоромонро ба ёд меорем.  У дар корхонаи бонуфузе кор мекунад. Ин маротиба  хангоми  дидор гуфт биё бозор меравем он чо точикон курутоб омода месозанд, то мухити ватанро ёд орему каме сухбат кунем.
Мичозони кахвахона асосан аз точикону узбекхою кригизхо иборат буданд баъзан русхо ба чашм мерасиданд.
Курутоб  бисёр серавгану серпиёз буд, вале маззаи курути  Точикистонро  надошт.
- Агар занхои хамкорам медиданд, ки чи тур бо даст курутоб мехурам мегуфтанд ки  «О, какой ужас! Как вы Нуриддин можете, ест таким способом?»…
Ба кахвахона  марди мазангсифате галстуки сурхи калоне чун ресмон дар гарданаш овезон андар ихотаи чор букасуратон ворид шуд, хама ба пичир пичир даромаданд - дипломат, дипломат, дипломат…